Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд

( 1 Овоз )

20 ноябри соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои муҳимми давлатдории миллӣ ва сарчашмаи ифтихори ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпарвар маҳсуб меёбад, табрик намуд.

Зимни боздид аз қисмҳои низомӣ ва суҳбат бо афсарону сарбозон Раиси вилоят иброз дошт, ки Парчами давлатӣ барои мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамчун рамзи ватандорӣ, нангу номус, худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ хизмат мекунад ва афсарону сарбозон таҳти парафшонии Парчами давлатӣ марзу буми кишваро ҳимоя намуда, амнияти ҷомеаро таъмин менамоянд.

Таъкид карда шуд, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвият бахшидани иқтидори мудофиавӣ аз тамоми имкониятҳо истифода гардида, имрӯз Артиши миллӣ амният ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоят менамояд.

Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад.

Бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи қисмҳои низомии мамлакат шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, барои афсарону сарбозон синфхонаҳои таълимӣ, мавзеъҳои омӯзишии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, ошхона, хобгоҳ, китобхона, хонаи дастурӯйшӯӣ, майдончаҳои варзишӣ, ҷойҳои махсуси суҳбатороӣ, хонаҳои дидорбинии волидони сарбозон муҳайё карда шудаанд.

-Мардуми тоҷик боварии комил дорад, ки шумо – ҳомиёни Ватан Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳимоя намуда, барои то ҷовидон парафшонӣ кардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми нерӯи хешро сафарбар менамоед,- зикр кард Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят ҳамзамон бо шароити буду боши сарбозону афсарон дар қисмҳои низомӣ шинос шуд. Чуноне мушоҳида гардид, қисмҳои низомӣ ба мавсими зимистон омода буда, бо гармӣ ва маводи ғизоӣ пурра таъмин мебошанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Share