Хабарҳо
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар ноҳияи Мастчоҳ - 23.11.2020 16:29
Раҷаббой Аҳмадзода: Парчами давлатӣ - баёнгари ҳастии давлат ва рамзи иттиҳоду ҳамдилӣ - 23.11.2020 15:35
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.11.2020 07:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 22.11.2020 14:00
Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд - 20.11.2020 17:26
Ба таваҷҷуҳи олимону журналистон: Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» гузаронида мешавад - 20.11.2020 13:07
Баргузории вохӯриҳои судманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд - 20.11.2020 09:27
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ аст - 20.11.2020 09:24
Ҷаласаи панҷуми Шўрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид - 20.11.2020 09:22
Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - 19.11.2020 09:08

Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 1 Овоз )

16 -уми ноябри соли 2020 дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар чорабинӣ фаъолон, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, олимону аҳли адаб ва ҷавонони фаъоли вилоят ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинӣ суханронӣ намуда, сокинони  сарбаланди вилоятро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз хидматҳои бузург ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодии мамлакат ҳарф зад.

- Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллатамон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдори таърих ва тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди дирӯзу имрӯзи давлату миллатамон, на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расониданд, балки дар суботи тамоми минтақа саҳми бузург ва беназир гузоштанд.

Таҳти сарварии  хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат кишвари азизамон  - Тоҷикистон мавқеи хешро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳалли мушкилоти сайёра мустаҳкам сохта, доираи ҳамкориҳоро бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон фарохтар намуд ва бо назардошти манофеи миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳояшро таъмин кард.

Мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд аз он ифтихор доранд, ки дар саргаҳи ташаккули муваффақонаи давлатдории навинамон маҳз, шахсият ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба шарофати иродаи ҷиддӣ ва мавқеъгирии устуворонаашон дар кишвар сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ барқарор, ягонагӣ ва пешравию шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмин карда шуд, - зикр дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар чорабинӣ таъкид гашт, ки барои хидматҳои шоиста ва беназир Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 ба унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон ва соли 2015 ба мақоми олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат сазовор дониста шуданд, ки ин ҳам эътирофу ҳам эътибори иродаи озодонаи халқ мебошад.

Воқеан ҳам дар натиҷаи хираду заковат, ҷаҳду талоши ватандӯстонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи осоишта ҳаллу фасл намудани муноқишаҳои дохилӣ пеши роҳи парокандашавии миллати тоҷик гирифта шуд, гурезаҳо ба ватан баргардонида шуданд, нур бар зулмот ғалаба карда, мо ба сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ ва пешрафту шукуфоӣ расидем.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии хеш ҳамзамон таъкид дошт, ки дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте ҳастанд, ки ҷони худро сипар намуда, кӯшишу ғайрат намуданд, то ки мардуми шарифи тоҷикро аз вартаи нестӣ, ҳалокат, нобудӣ бираҳонанд ва дар ташкили давлати миллии тоҷикон пояи асос бигузоранд. Далели бисёр ҳам возеҳу равшани Пешвои воқеӣ ва мардумӣ будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ба шарофати заковату хирад ва ҷонисориҳояшон ягонагии давлат ва халқро таъмин намуданд.

-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ва беш аз ҳама ба халқ, ба мардум чун неруи тавоно ва мағлубнопазир такя намуданд, ба мардум некиву адолатро раво диданд, дар фаъолияти хеш ба хиради азалии халқ такя намуда, зимоми давлатдориро бо дасти хирад ва адолат идора намуда, маҳбуби халқ гардидаанд,- гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар фарҷоми суханронии хеш Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зикр дошт, ки сокинони кишвари азизамон, аз ҷумла мардуми сарбаланди вилоят зери роҳбарӣ ва сиёсати ваҳдатофарини раҳбари хирадманду сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо азму ирода ва эътиқоду боварии комил ба фардои дурахшон фаъолият намуда, барои дар сатҳи арзанда пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳарвақта бештар саъю талош меварзанд.

Чорабиниро барномаи рангини адабӣ – мусиқии аҳли фарҳанги вилоят боз ҳам ҳусну таровати бештар бахшид, ки муҳтавои он аз тараннуми Ватану кишвари соҳибистиқлоламон, баёнгари заҳматҳо ва дастовардҳои халқи тоҷик бо сарварии Президенти мамлакат, инъикосгари рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мардуми сарзамини аҷдодиамон иборат буд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон