Хабарҳо
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар ноҳияи Мастчоҳ - 23.11.2020 16:29
Раҷаббой Аҳмадзода: Парчами давлатӣ - баёнгари ҳастии давлат ва рамзи иттиҳоду ҳамдилӣ - 23.11.2020 15:35
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.11.2020 07:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 22.11.2020 14:00
Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд - 20.11.2020 17:26
Ба таваҷҷуҳи олимону журналистон: Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» гузаронида мешавад - 20.11.2020 13:07
Баргузории вохӯриҳои судманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд - 20.11.2020 09:27
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ аст - 20.11.2020 09:24
Ҷаласаи панҷуми Шўрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид - 20.11.2020 09:22
Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - 19.11.2020 09:08

Боздиди Раиси вилоят аз сардхонаи Кооперативи тиҷоратии “Шаҳристон”

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон аз сардхонаи Кооперативи тиҷоратии “Шаҳристон” боздид намуд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар сардхонаи кооперативи мазкур, ки ғунҷоишаш 250 тонна мебошад, тухмии картошка захира гардида, он барои кишт дар мавсими оянда истифода мешавад.

Ноҳияи Шаҳристон дар баробари Панҷакенту Куҳистони Мастчоҳ ва Деваштич аз навоҳии асосии картошкапарварӣ ба шумор рафта, истифодаи тухмиҳои ҳосилдеҳ ва заҳмати шабонарӯзии деҳқонони ноҳия имкон медиҳад, ки ҳамасола истеҳсоли картошка бештар гардад. Соли 2020 дар ноҳияи Шаҳристон дар майдони наздик 3 ҳазор гектар картошка кишт намудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбати соли 2019 бештар мебошад.​

Дар ноҳия 13 кооперативи истеҳсолӣ ва 2338 хоҷагии инфиродӣ амал мекунад, ки дар ҳамаи онҳо картошка парвариш меёбад. Барои гузаронидани кишти картошка дар соли 2021 бояд 9 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира карда шавад.​

Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия барои захираи зарурии картошкаи тухмӣ супоришҳо дода, қайд кард, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ бояд ҳосилнокӣ низ​ сол ба сол зиёд гардад.

Дар поёни сафари корӣ Раиси вилоят собиқадори меҳнат Меҳрӣ Темироваро аёдат намуд. Мавсуф солҳои зиёд барои пешрафти хоҷагии қишлоқ фаъолият намуда, имрӯз дар иҳотаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад. ​

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят аз сардхонаи Кооперативи тиҷоратии “Шаҳристон”