Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромиқадр!

Дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо Иди Қурбон ҳамчун иди аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстонаи дини мубини Ислом таҷлил мегардад. Зеро ин иди меҳрубониву вафодорӣ, садоқат, покию равшанӣ, таомули қурбонӣ дар айёми ҳаҷҷи акбар ба шумор рафта, аз фарҳанги ғании исломӣ сарчашма мегирад ва муслиминро ба шинохти ҳуввият ва асолату покӣ ҳидоят менамояд.

Бо назардошти ин, ба ифтихори иди муборак ҳамаи шумо, мардуми сарбаланду меҳнатқарини вилоятро самимона табрику таҳният гуфта, саломатию умри бардавом, хонаи обод, дастархони пурфайзу бобаракат ва оромию осоиши рӯзгорро орзу менамоям.

Боиси хурсандист, ки имсол таҷлили иди суннатӣ дар арафаи таҷлили ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ омада, бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи эълон шудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои созандагию ободонӣ бо маром идома доранд.

Ба шарофати сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат имрўзҳо дари масҷидҳо барои намозгузорон боз мебошад. Бояд шукр гўем, ки мусалмонони диёрамон тамоми рукнҳои дини мубини Исломро озодона иҷро менамоянд. Аз ҷумла, имсол аз вилоятамон беш аз 1600 нафар ба зиёрати маконҳои муқаддас сафарбар шуда яке аз рукнҳои муҳими дини мубини ислом - маросими ҳаҷро ба ҷо оварда истодаанд. Умедворем, ки онҳо баъди адои маносики ҳаҷ бо дилу нияти пок ба Ватан баргашта, барои баланд бардоштани одобу ахлоқ ва рафтору гуфтори ҳамида, тарғибу ташвиқи корҳои созандагиву бунёдкорӣ нақши арзанда мегузоранд.

Бамаврид аст таъкид намоям, ки кормандони мақомоти давлатии маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳо, кумитаи маҳаллаҳо, деҳаҳо, имом-хатибони масҷидҳо, соҳибкорон, аҳли ҷамоатчигӣ ва дигар шахсони хайрхоҳу соҳибимкон вазифадоранд, ки барои эҳтиёҷоти шахсони яккаву танҳо, маъюбон, ятимон, оилаҳои камбизоату барҷомонда, барқарорсозӣ ва бо асбобу анҷоми рўзгор таъмин кардани хонаҳои истиқоматии онҳо иқдоми хайрхоҳона намоянд.

Боиси ифтихор аст, ки торафт маърифати маънавию ахлоқии шаҳрвандон боло рафта, таваҷҷуҳи соҳибкорону ашхоси баландҳиммат нисбати дастгирии ятимону маъюбон ва ниёзмандон, инчунин таъмири муассисаҳои иҷтимоӣ, мактабу боғча, бунгоҳи тиббӣ, беморхона, китобхона, ҳаммом, бунёди роҳу кўчаҳои маҳаллаву деҳаҳо, гузаронидани қубурҳои обгузар, таъмиру тармими пулҳо ва дигар корҳои ободонӣ ба анъанаи нек табдил ёфта истодааст.

Бинобар ин, анҷом додани амалҳои неку савоб набояд танҳо дар доираи Иди Қурбон маҳдуд шавад, балки ҳамчун як рукни муҳим ва доимии фаъолияти созандагии мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни мо минбаъд низ идома ёбад.

Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд:Яке аз ҳикматҳои муҳимтарини ин анъанаи неки динӣ иттиҳоду ҳамбастагии мусулмонон тавассути кӯмак ба ҳамдигар ва гирифтани дасти эҳтиёҷмандону ятимон ва барҷомондагон аст”.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек бори дигар, Иди  саиди Қурбонро ба мардуми шариф табрику таҳният намуда, ба кулли сокинони вилоят хонаи обод, ризқи фаровон, тандурустӣ ва саодати рӯзгор таманно менамоям.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон