Таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста аст.
Даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнат бозгўйи сатҳи некўаҳволии аҳолӣ мебошад. Музди миёнаи маош дар моҳҳои январ-августи соли 2021 мувофиқи вилоят 1385,15 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 188,01 сомонӣ зиёд мебошад.
Нишондиҳандаи нисбатан баланди музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон 2297,32 сомонӣ, Панҷакент 2135,56 сомонӣ, Айнӣ 1824,15 сомонӣ, Хуҷанд 1649,14 сомонӣ, Истиқлол 1242,46 сомонӣ, Истаравшан 1237,78 сомонӣ, Бўстон 1203,23 сомонӣ ва Исфара 1097,85 сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Омили асосии таъсиррасонанда ба сатҳи музди маош дар ин шаҳру ноҳияҳо рушди босуръати соҳаи саноат маҳсуб меёбад.
Давоми 9 моҳи соли 2021 ба раёсат, шуъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 31314 шаҳрванд муроҷиат кард, ки 15330 нафарашон занон мебошанд. Аз ҳисоби муроҷиаткунандагон 21210 нафар ҳамчун корҷўй дар сохторҳои мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 56,7 фоиз ё 4711 нафар занон ва 59,9 фоиз ё 4974 нафар ҷавонони синни 15-29-сола мебошанд.
Мувофиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2021 дар вилоят бо ҷойи корӣ таъмин намудани 18900 нафар шаҳрвандони корҷўй ва бекор ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 22 сентябри соли 2021 аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба 15474 нафар барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудан мусоидат карда шуд, ки ин нишондод 81,9 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Ҳамасола бо мақсади бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд ва дар ҷустуҷўи кор душворӣ мекашанд, ҷойҳои кории холии пешакӣ бандкардашуда, яъне квота муқаррар мегардад. Тибқи нақшаи соли ҷорӣ миқдори квотаҳо 1800 ҷойро ташкил дода, дар давраи ҳисоботӣ 1348 нафар шаҳрвандон тавассути квота бо кор таъмин гардиданд, ки 74,9 фоизи нақшаи барномавиро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷўён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 215 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Тавассути ин ярмаркаҳо 1678 нафар корҷўён ва бекорон ба ҷойҳои кории доимӣ таъмин гашта, 1540 нафар ба касбомўзӣ ва 377 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Ҷамъи шаҳрвандони бекори ба воситаи ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ба шуғл ҷалбшуда 3595 нафарро ташкил дод.