Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида, дар моҳҳои январ-марти соли 2023 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 98,96 млн. доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш нисбат ба соли 2022-юм 106,2 фоиз таъмин гардидааст. Аз ҷумла, ба маблағи 80,96 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 18,0 млн. доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.
Дар ин давра воридоти сармояи мустақим ба маблағи 55,0 млн. доллар ва ҳар гуна сармоягузориҳо ба маблағи 25,6 млн. доллар ба ҳисоб гирифта шуда, суръати афзоиш мутаносибан 102,9 ва 109,3 фоизро ташкил намудааст.