Дар соли 2025 таъмиру тармими 2146,0 км роҳҳо, аз ҷумла аз таъмири асосӣ баровардани 288,0 км роҳ, гузаронидани таъмири ҷории 1078,0 км. ва шағалпўш намудани 780,0 км роҳ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҳисоби буҷети вилоят таъмири асосии 40,0 км роҳ ба нақша гирифта шудааст.
Дар семоҳаи якуми соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 5,6 км, Хуҷанд 1,4 км ва Бӯстон 2,2 км роҳ аз ҳисоби буҷети вилоят ба маблағ 10,3 млн. сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.