Дар семоҳаи якуми соли 2025 кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд. Дар натиҷа, ба ҳолати 1 апрели соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 1,6 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 109,3 фоиз таъмин гардид.
Соли ҷорӣ тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят гузаронидани кишти баҳорӣ дар майдони 172 ҳазору 990 гектар замин пешбинӣ гардидааст.