Ҷавонон ва варзиш

Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021”, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба рушди соҳаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2798 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 49 варзишгоҳ, 1928 майдончаи варзишӣ, 617 толори варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ ва 166 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва таъмиру тармими иншооти варзишӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба рушди соҳаи варзиш ва таъмини солимии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар ин раванд давоми 9 моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ, 53 иншооти варзишӣ, аз ин 15 толор ва 1 маҷмааи варзишӣ, 1 варзишгоҳ, 1 ҳавзи шиноварӣ ва 35 майдончаи варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 15186,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 17786,0 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят фаъолияти 44 мактаби варзишӣ, аз ҷумла 1 мактаби маҳорати олии варзишии вилоят, 1 мактаби варзишии вилоят, 10 мактаби махсуси варзишӣ, 1 мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ, 28 мактаби варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 3 мактаби варзишӣ дар тобеияти кумитаҳои иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” ба роҳ монда шудааст.

Дар мактабҳои варзишӣ 1267 гурӯҳ бо фарогирии 16198 машқварзони наврасу ҷавон аз намудҳои олимпӣ ва 263 гурӯҳ аз намуди миллӣ бо фарогирии 3295 машқварзони наврасу ҷавон амал намуда, дар маҷмӯъ, 19493  нафар наврасону ҷавонон, аз ҷумла 2444 нафар бонувон ҳамарўза ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

Аз ҳисоби ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳо, дастаи мунтахаби вилоят дар ҳайати 2010 варзишгар, аз ҷумла 415 нафар бонувон, дар 56 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва ба гирифтани 529 медали тилло, 417 медали нуқра ва 496 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.

Ҳамзамон, варзишгарони вилоят дар ҳайати 62 нафар, аз ҷумла 4 бону дар ҳайати дастаи мунтахаб дар 13 мусобиқоти байналмилалӣ  сафарбар гардида, ба хазинаи варзишии вилоят 10 медал, аз ҷумла 8 медали тилло, 10 нуқра ва 14 биринҷӣ оварданд.

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон, тайёр намудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон, алалхусус сарбозону аскарон ба варзиш дар 9 моҳи соли равон 1090 чорабинӣ, ба монанди мулоқоту вохӯрӣ, фестивал, озмун, мусобиқаҳои ҳарбӣ – варзишӣ доир гардиданд ва дар онҳо 91816 нафар ҷавонони синни то даъватӣ ва афсарону сарбозон ширкат доштанд.

Дар маҷмӯъ, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар миқёси вилоят дар давраи ҳисоботӣ 8313 чорабинӣ баргузор шуда, дар чорабиниҳои мазкур иштироки 710136 нафар ҷавонон таъмин карда шуд.