Дар замони муосир таблиғи арзишҳои миллию фарҳангӣ, бедор намудани худшиносиву худогоҳии миллӣ рисолати ҳар фарди ватандўст маҳсуб меёбад.
Дар вилоят 362 китобхона, 133 муассисаи клубӣ, 6 клуби сайёр, 21 қасру кох, 74 хонаи фарҳанг, 2 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 1 осорхонаи таърихии вилоятӣ, 9 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, 5 осорхонаи шахсӣ ва 6 хона-музей, 3 маҷмааи фарҳангӣ, 1 амфитеатр, 1 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 22 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 5 театри халқӣ, 7 театри касбӣ, 4 ансамбли тарона ва рақс, 2 филармонияи халқӣ, 30 мактаби бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, 11 ансамбли шашмақом, 2 гурўҳи ҳаҷвӣ, 6 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 2 ансамбли “Фалак”, 1 ансамбли дойранавозон, 1 ансамбли карнайнавозон, 18 ансамбли рақсӣ, 6 ансамбли эстрадӣ ва 2 студияи сабти овоз фаъолият доранд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, аз онҳо 13 адад аҳамияти умумибашарӣ, 91 адад аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 1086 адад аҳамияти маҳаллӣ доранд. Ин ёдгориҳо муаррификунандаи фарҳанги оламшумули миллати тоҷик арзёбӣ гардида, барои ҷалби сайёҳон аз хориҷи дуру наздик мусоидат менамоянд.
Вобаста ба ин, баҳри таъмини рушди босуботи ин соҳа ҳамаи захираву имкониятҳо сафарбар гардида истодаанд. Зеро фарҳанг ифодагари ҳастии миллат, расму оин, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу ҳунар дида инсоният барои таъмини дўстиву рафоқат ва ваҳдати байни қавму миллатҳо воситаи самараноктареро эҷод накардааст.
Дар муассисаҳои фарҳангии вилоят бахшида ба ҷашнҳои милливу давлатӣ ва соҳавӣ мунтазам чорабиниҳо гузаронида мешаванд.
Дар вилоят тибқи нақшаи чорабиниҳои барномаҳои соҳавӣ муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо марҳила ба марҳила таъмиру тармим гардида, бо таҷҳизоти техникӣ, сарулибоси саҳнавӣ, асбобҳои мусиқӣ, мизу курсӣ муҷаҳҳаз шуда истодаанд. Инчунин, ҷиҳати ҳифз ва барқароркунии ёдгориҳои таърихӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон корбарӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар соли ҷорӣ таваҷҷуҳ ба рушди соҳа бештар гардида, Қасри фарҳанг дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиду азнавсозӣ гардида, бо иштироки Пешвои муаззами миллат ифтитоҳ шуд.
Иттилоот барои робита
Телефон: (+9923422) 4-65-67
Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.