Ҷаласаи фаъолони вилоят доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 3 моҳи соли 2024

22 апрел дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят​ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят​ дар 3 моҳи соли 2024 таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ ҷаласаи фаъолони вилоят баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту идораҳо, корхонаҳои саноатӣ, мудирони шуъбаҳои маориф, кор бо занону оила, ҷавонону варзиш, ходимони дин иштирок доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро оғоз намуда, изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2024 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро, ки дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи нав ба истеҳсоли равғани пахта ва офтобпараст машғул буда, дар як сол иқтидор дорад то 18 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол намояд.

Дар навбати аввал маҳсулоти ниҳоии корхона ба қонеъсозии эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардида, дар оянда содироти он низ дар назар дошта шудааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ «Нур-пак»-ро ба кор дароварданд

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нур-пак”-ро ба кор дароварданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар бо саҳми бародарони соҳибкор аз оилаи Мусоевҳо бунёд гардидааст.

Дар корхона 2 хати муосири технологӣ, ки аз кишварҳои пешрафта ворид гардидааст, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб шуда, 10 намуд халтаи полипропилении гуногунҳаҷм бо ғунҷоиши аз 5 то 70 килограм истеҳсол карда мешавад.