Дар нимсолаи якуми соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 11,1 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 123,8 фоиз расонида шуд.
Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, ба миқдори 646,1 ҳазор тонна семент ва 695,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд.
Ҳамзамон, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум суръати афзоиши истеҳсоли нахи пахта 144,9 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 105,7 фоиз таъмин гардида, дар маҷмўъ, 6 ҳаз.769,6 тонна нахи пахта ва бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 4 млн. 45,3 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст.
Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот низ сол аз сол афзоиш ёфта, дар 6 моҳи соли 2022 ба миқдори 2 ҳаз. 433,9 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки баробари 127,6 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Ба миқдори 14 ҳазору 540,7 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол гардида, суръати афзоиш 101,2 фоиз таъмин шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли консерваҳо ба 5 млн. 404,6 ҳаз. қуттии шартӣ расонида шудааст, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 112,3 фоизро ташкил медиҳад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд