Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» бунёди корхонаи иловагии металлургӣ идома дорад, ки бо фаъол шудани он 200 нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи «Зарафшон» иттилоъ дода шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки корхонаи муштараки «Зарафшон», воқеъ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд азимтарин корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи саноати коркарди маъдани ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Саҳми ин корхона дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ назаррас буда, бо маблағгузории «Зарафшон» иншооти гуногуни иҷтимоӣ низ бунёд мегардад.
Тавре аснои боздид иттилоъ доданд, корхонаи истеҳсоли мис бо харҷи 120 миллион доллар сармоя сохта шуда, имкон фароҳам оварда мешавад, ки 200 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гарданд.
Раиси вилоят барои иҷрои босифати корҳо ва ҷалби бештари сохтмончиён ба кор тавсияҳо дода, бунёди корхонаи навро қадами устувор дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат арзёбӣ намуд.
Дар шаҳри Панҷакент Раиси вилоят ҳамзамон аз ҶДММ «Маҳсул» ва ярмаркаи либосҳои мактабӣ боздид кард. Дар коргоҳи дӯзандагӣ барои мактабиён либос дӯхта шуда, занону духтарон бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд.
Тибқи иттилои масъулин давоми 6 моҳ дар коргоҳҳои дӯзандагии шаҳр 31 400 дона либоси мактабӣ истеҳсол шудааст. Раиси вилоят таъкид кард, ки корҳо дар самти истеҳсоли либоси мактабӣ беҳбудиро мехоҳад ва дар ин раванд бояд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд