Миёни соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Ҷиззах 21 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд

Аз рӯзҳое, ки марзҳои ду давлати ба ҳам дӯсту бародар – Ӯзбекистону Тоҷикистон кушода шуду барои ба дидори ҳам расидани мардуми ду кишвари солҳои сол ҳамдигарро надида мусоидат намуд, чанд сол сипарӣ гардид. Ташрифи нахустини Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдиронида шудани он кас бо ордени фахрии «Зарринтоҷ», ба имзо расидани як қатор санадҳои ҳамкорӣ, боздид аз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ва НБО «Қайроққум», вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар қасри овозадору таърихии «Арбоб»-и ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, баргузории шоми дӯстӣ, иштирок дар фестивалу чорабиниҳои гуногуни ҳамдигарӣ, равобити дуҷонибаи тиҷоратӣ дар ҳақиқат баёнгари гуфтаҳои «одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт»-и шоири бузург Мирзо Турсунзода аст.

Дар ин раванд дар қатори дигар намояндагони мамолики кишвар иштироки намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бахусус соҳибкорону меҳмонони мардуми ҷиззахзамин санаҳои 17-18-уми июни соли 2022 дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд - 2022» дар густариши равобити ҳамкориҳо назаррас буда, ҳар ду ҷониб аз ин вохӯрӣ натиҷаи самарабахш ба даст оварданд.

Ба имзо расидани созишномаҳои ҳамкорӣ байни маъмурияти минтақаи махсуси иқтисодии Ҷиззах бо маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодӣ вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах бо ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ҶДММ «Янгиобод бахт агрокластер» -и вилояти Ҷиззах бо ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ноҳияи Ғаллаороли вилояти Ҷиззах бо шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах бо ноҳияи Деваштич ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, ҳамчунин ҶСК «Агрокластер чимгорен»-и ноҳияи Зафарободи вилояти Ҷиззах бо ҶДММ «Намаки Ашт» -и ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ҶСК «Арпасой Голд Текс»-и вилояти Ҷиззах бо коргоҳи дӯзандагии «Амир»-и вилояти Суғд, «Quwwat group»-и вилояти Ҷиззах бо корхонаи «Садаф»-и вилояти Суғд, «Холдинг Текстил»-и вилояти Ҷиззах бо «Наргис Текстил»-и вилояти Суғд, ҶСК «Zomin KIassder»-и вилояти Ҷиззах бо идораи кишоварзии вилояти Суғд, ҶСК «Баландҷиззах текстил»-и вилояти Ҷиззах бо ҶСК Коргоҳи дӯзандагии «Амир»-и вилояти Суғд, Матбааи «Ургенч Тезкор»-и вилояти Ҷиззах бо ҶДММ «Намаки Ашт» ва ширкати таблиғотии «МПринт»-и вилояти Суғд, «Zomin KIassder»-и вилояти Ҷиззах бо идораи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ҳамчунин ҶДММ «Модерна керамик Фарғона»-и вилояти Ҷиззах бо соҳибкори инфиродӣ М.Ҷӯраев аз вилояти Суғд бори дигар собит сохт, ки ҳар ду ҷониб аз ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти вилоятҳо шоду мамнунанд.

Дар вохӯрӣ ва бастани созишномаи дуҷониба, ки байни Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Ҳокими вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев сурат гирифт, дар умум 21 созишнома ва меморандум байни коргоҳҳои истеҳсолии вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуд. Ҳамчунин, дар доираи ҳамкориҳо ва муносибати дӯстонаи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Қасри «Арбоб» -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид.

Қобили қайд аст, ки тоҷикону ӯзбекон аз қадимулайём соҳиби таъриху фарҳанги воло, муносибати дӯстона доштанду дӯстии халқҳо музаффарияти бузургтарини давлату давлатдорӣ аст. Файзу баракати дӯстию бародарӣ сулҳу амонӣ, зиндагии осоиштаю бофароғатро барқарор мекунад. Аз ин сабаб, дӯстиро олитарин эҳсосу хиради башар номидаанд. Ин ҳисси азалии инсон ҳамеша дар ҳар асру замон ҷавон хоҳад монд. Самараи ин гуфтаҳоро ҳангоми ҳунарнамоии ҳунармандони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дарк намуда, бори дигар бовар бар он доштем, ки дар ҳақиқат, дӯстию рафоқати ин ду халқи ба ҳам наздик мустаҳкаму поянда аст.

Мусобиқаи дӯстонаи дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки раисони вилоятҳо Раҷаббой Аҳмадзода ва Эргаш Солиев аз рӯи намуди футболи хурд бешак, муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории дуҷонибаро тақвият бахшид. Он рӯзи таърихӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухлисони варзиш ва ҳаводорони савту наво ҷамъ омада, бори дигар собит намуданд, ки пайвастагии ин ду халқи дӯсту бародар аз сулҳу садоқат, дӯстиву рафоқат ва якдилию ҳамбастагӣ нерӯ хоҳад гирифт.

Шоира КАРИМЗОДА,
"Ҳақиқати Суғд"