Тибқи маълумоти омори давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2022 нишондиҳандаи кўтоҳмуддати рушди вилоят ба 5447,3 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 107,6 фоиз баробар гардида, саҳми он дар Маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар 26,8 фоизро дар бар гирифт.
Рушди нишондиҳандаи мазкур дар ин давра асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22,5 фоиз, кишоварзӣ 11,8 фоиз, гардиши савдои чакана 5,3 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 6,1 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 1,5 баробар ва ғайра таъмин гардид.
Дар ин замина нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 105,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷети давлатӣ 851,2 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нақша 44,4 млн. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 130,3 млн. сомонӣ ё 18,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар марҳилаи ҳисоботӣ ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят иҷрои нақшаи даромадҳои буҷетро аз рўи континтенги андозҳо ва воридот ба буҷети маҳаллӣ таъмин намуданд. Ҳамзамон, дар вилоят иҷрои нақшаи воридот аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои нақшавии даромади буҷет, ба истиснои андоз арзиши иловашуда (87,5 фоиз), пурраю барзиёд таъмин гардид.
Мутобиқ ба маълумоти пешакии мақомоти андози вилоят дар семоҳаи якуми соли 2022-юм нақшаи андози иҷтимоӣ, дар маҷмўъ, ба андозаи 107,9 фоиз ё ба маблағи 227,7 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андози иҷтимоии буҷетӣ 103,5 фоиз (77,3 млн. сомонӣ) ва ғайрибуҷетӣ 110,3 фоиз (150,4 млн. сомонӣ) таъмин гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ муносибатҳои байнибуҷетӣ тибқи тартиби муқаррарӣ роҳандозӣ шуда, ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз андоз ва даромадҳои умумидавлатие, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди вилоят қарордошта ворид гардид, ба маблағи 251,7 млн. сомонӣ ҳиссаҷудокунӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 8,3 млн. сомонӣ ё 3,4 фоиз ва нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 76,0 млн. сомонӣ ё 43,3 зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад, дар семоҳаи якум ба андозаи 106,3 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 563,3 млн. сомонии нақшавӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ 599,1 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 35,7 млн. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум 57,3 млн. сомонӣ ё 10,6 фоиз зиёд мебошад.
Дар марҳилаи ҳисоботӣ маблағи бақияи қарзи андозҳо нисбати аввали сол ба маблағи 2,3 млн. сомонӣ кам карда, ҳаҷми бақияпулиҳои андоз (бе назардошти қарзи Нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят) дар ҳолати 1 марти соли 2022 дар вилоят ба 64,2 млн. сомонӣ баробар шуд. Маблағи бақияи умумии қарзи андозҳо, бо назардошти қарзи корхонаҳои Нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят, ба 85,5 млн. сомонӣ баробар ва ин рақам нисбат ба 1 январи соли 2022-юм 3,1 млн. сомонӣ кам мебошад.
Маблағи асосии бақияпулиҳоро бақияи қарзи андози иҷтимоӣ ба маблағи 27,0 млн. сомонӣ (31,6 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳо), андоз аз арзиши иловашуда 17,2 млн. сомонӣ (20,1 фоиз), дигар пардохтҳои ҳатмии ҷумҳуриявӣ 9,9 млн. сомонӣ (11,6 фоиз), андоз аз фоида 7,3 млн. сомонӣ (8,5 фоиз) ва ғайра ташкил медиҳанд.
Ҳаҷми зиёди маблағи бақияпулиҳо ба Нозироти андозсупорандагони калони вилоят 21,3 млн. сомонӣ (24,9 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳо) ва ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 9,3 млн. сомонӣ (14,5 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳо), Исфара 8,6 млн. сомонӣ (13,4 фоиз), Истаравшан 8,2 млн. сомонӣ (12,7 фоиз), Мастчоҳ 6,9 млн. сомонӣ (10,7 фоиз), Зафаробод 6,5 млн. сомонӣ (10,1 фоиз), Панҷакент 6,4 млн. сомонӣ (10,0 фоиз) ва боқимонда ба дигар шаҳру ноҳияҳо рост меояд.
Маблағгузории қисми хароҷоти буҷети вилоят дар марҳилаи ҳисоботӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дар асоси қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, дар ин давра мувофиқи ҳисоби пешакӣ ба иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят, дар маҷмўъ, 543,4 млн. сомонӣ равона гардид, ки 99,9 фоизи нақшаи аниқшударо ташкил дода, нисбат ба нақша 0,6 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба хароҷоти амалии семоҳаи якуми соли 2021-ум 42,7 млн. сомонӣ ё 8,5 фоиз зиёд мебошад.
Дар маблағгузории буҷетҳои маҳаллӣ чун ҳарвақта афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ - маориф, нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳангу варзиш дода, барои маблағгузории соҳаҳои зикршуда дар ин марҳила 439,9 млн. сомонӣ ба харҷ дода шуд, ки баробари 81,0 фоизи ҷамъи хароҷоти амалии гузаронидаи буҷетҳои маҳаллӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба андозаи 9,1 фоиз ё ба маблағи 36,9 млн. сомонӣ афзуд.
Аз ҷумла, дар семоҳаи якуми соли равон аз ҳисоби буҷети вилоят ба соҳаи маориф 270,2 млн. сомонӣ равона гардид, ки 99,9 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақшаи аниқшуда 0,2 млн. сомонӣ кам мебошад. Баробари ин, бояд қайд кард, ки маблағгузории буҷетӣ ба соҳаи маориф нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,4 млн. сомонӣ ё 7,7 фоиз зиёд гардида, хароҷоти соҳа дар хароҷоти умумии буҷети вилоят ба 49,7 фоиз баробар гардид.
Барои маблағгузории соҳаи тандурустӣ 116,5 млн. сомонӣ равона гардид, ки 99,9 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақшаи аниқшуда 0,1 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 2,5 млн. сомонӣ ё 2,2 фоиз зиёд мебошад. Ҳиссаи хароҷоти соҳаи тандурустӣ дар хароҷоти амалии буҷетҳои маҳаллӣ ба 21,4 фоиз баробар аст.
Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузориҳо бо назардошти хароҷоти сохтмони асосӣ ба соҳаҳои ҳокимият ва идораи давлатӣ 20,0 млн. сомонӣ ё 99,8 фоизи нақша, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 5,2 млн. сомонӣ ё 100,0 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 42,7 млн. сомонӣ ё 99,6 фоиз, фарҳанг ва варзиш 48,1 млн. сомонӣ ё 99,9 фоиз, кишоварзӣ 6,9 млн. сомонӣ ё 100,0 фоиз, нақлиёт ва коммуникатсия 13,1 млн. сомонӣ ё 100,0 фоиз ва хароҷотҳои ғайра 0,8 млн. сомонӣ ё 100,0 фоизи нақшаи аниқшударо ташкил дод.
Дар семоҳаи якуми соли 2022-юм аз буҷети вилоятӣ ба маблағи умумии 70,4 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Ашт 14,2 млн. сомонӣ, Деваштич 16,1 млн. сомонӣ, Зафаробод 4,3 млн. сомонӣ, Исфара 10,2 млн. сомонӣ, Конибодом 6,7 млн. сомонӣ, Кўҳистони Мастчоҳ 6,1 млн. сомонӣ, Спитамен 2,8 млн. сомонӣ, Ҷаббор Расулов 4,4 млн. сомонӣ ва Шаҳристон 5,5 млн. сомонӣ субвенсия ҷудо гардид. Тазаккур бояд дод, ки маблағи мусоидати молиявии (субвенсияи) буҷети вилоятӣ 16,4 фоизи хароҷоти амалии буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар ин давра дар бар мегирад.
Давоми марҳилаи сипарӣ ба суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ оид ба маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети маҳаллӣ, дар маҷмўъ, 41,2 млн. сомонӣ ворид ва 36,4 млн. сомонӣ харҷ гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз рўи меъёрҳои муқаррарӣ ба даромади буҷетҳои маҳаллӣ ҳамагӣ 2,0 млн. сомонӣ ворид карда шуд.
Дар моҳҳои январ-марти соли 2022-юм бо мақсади таъмини назорати пешакии истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ғайримақсад истифода бурдани маблағҳо аз ҷониби шуъбаи аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати молия дар вилояти Суғд дар 102 ташкилоту муассиса аудиту таҳлил гузаронда, ба маблағи умумии 3956,8 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки аз он хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 705,2 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 558,9 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурўш ва иҷораи амволи давлатӣ 2,4 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 71,3 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 2472,1 ҳазор сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рўйпўшнамудаи андозҳо 146,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии зарари молиявӣ 1364,8 ҳазор сомонӣ (34,5 фоиз) барқарор карда шуд.
Ғайр аз ин, дар ҷараёни аудиту таҳлилҳо камбудӣ ва норасоиҳое, ки ба зарари молиявӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 166,6 ҳазор сомонӣ ошкор ва пурра барқарор карда шуд. Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ 38 маводи аудитӣ, бо маблағи умумии зарар дар ҳаҷми 3780,9 ҳазор сомонӣ, ҷиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарори дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Хадамоти матбуоти Сарраёсати
молия дар вилояти Суғд