Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ширкатҳои истеҳсолии вилоятҳои Суғд ва Липетск

Азназаргузаронӣ: 2208

12 апрел дар меҳмонхонаи «Суғдиён» маросими имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Липетски Федератсияи Россия баргузор гардида, дар маҷмуъ 17 созишнома ба имзо расонида шуд.

Маросими имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ бо ҳузури муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов доир гардид.

Ҷонибҳо оид ба содироти меваю сабзавот ва хушкмева, ташкили сафари аҳли фарҳангу маданияти вилояти Липетск ба вилояти Суғд, ба роҳ мондани саёҳати туристии сокинони вилояти Липетск ба вилояти Суғд, ташкили «Хонаи савдо»-и вилояти Суғд дар вилояти Липетск ва ҳамкорӣ дар бахши таҳсилоти олӣ меморандуми ҳамкориро имзо намуданд.

Ҳамзамон миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск, ширкатҳои «Нуртекс» ва «Маркази содиротии вилояти Липетск», «Оби Зулол» ва «Маркази содиротии вилояти Липетск», «Само» ва «ИнтерЭкоТехнологии», Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва «ЛипетскКомплексСтрой»,  «ЛипетскКомплексСтрой» ва «Хорои Хуҷанд», «ЛипетскКомплексСтрой» ва «Нуртекс», «ЛипетскКомплексСтрой» ва «Силкоат Бойя», «Евро Агро»  ва филиали «Хантана Канада Инк» дар вилояти Суғд, «Евро Агро» ва «Сомон кристалл» созишномаҳои ҳамкорӣ имзо гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

1-imzo.jpg 2.jpg 3-1.jpg

3.jpg 4-1.jpg 4.jpg

5.jpg