СУҒД: Ба маблағи 257 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот гардид

Азназаргузаронӣ: 1168

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ба 720,5 млн. доллари ИМА расонида шуда,  суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли  2021  150,4 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми воридот 463,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 118,4 млн. доллар ё 34,3 фоиз афзудааст.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 257,0 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 122,4 млн. доллар ё 90,9 фоиз зиёд  мебошад.

Содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 83,6 млн. доллар афзоиш ёфта, ҳамагӣ 93,5 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 159,5 млн. доллари ИМА содирот шудааст. Ҳиссаи маъдан ва консентрат дар ҳаҷми умумии содирот 62,0 фоизро ташкил намуд.

Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 35 ҳазору 121 тонна афзоиш ёфта, ҳамагӣ 168 ҳазору 870 тонна семент ба маблағи 4,9 млн. доллари ИМА содирот шудааст.

Дар натиҷаи татбиқи ҳадафмандонаи саноатикунонии босуръати кишвар дар вилоят нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи саноати нассоҷӣ беҳтар гардидааст, ки зиёдшавии ҳаҷми содироти калобаи пахтагин ва либосворӣ аз он дарак медиҳад. Дар 3 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 5,8 млн. доллари ИМА 351 тонна либосворӣ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 1 млн. доллари ИМА ва 84 тонна ба ҳисоб гирифта шудааст. Илова бар ин, ба маблағи 35,4 млн. доллари ИМА 13 ҳазору 492 тонна нахи пахта содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2 174 тонна ва ба маблағи 17,2 млн. доллар зиёд аст.

Дар  3 моҳи соли 2022 ба маблағи 7,9 млн. доллари ИМА 17 ҳазору 240  тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 8 866 тонна ва ба маблағи 5,3 млн. доллар зиёд мебошад. Ҳиссаи  хушкмева дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ 79,8 фоизро дар бар гирифта, дар ин давра 11 ҳазору 387 тонна хушкмева ба маблағи 6,4 млн. доллар содирот шудааст. Афзоиши содироти хушкмева 5 788 тоннаро ба маблағи 4,1 млн. доллар ташкил намудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд