Нишасти матбуотӣ. Дар ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи 153 млн. 938 ҳазор маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

24 июл дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки беш аз 20 нафар намояндагони васоити ахбори умум нишасти матбуотии раиси ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид.

Тибқи иттилои раиси ноҳия Аъзам Ализода дар нимсолаи якуми соли равон корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 153 млн. 938 ҳазору 200 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 978 ҳазору 400 сомонӣ зиёд буда, 100,6 фоизро дарбар мегирад. 

Корхонаҳои саноатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 дар шакли асл 633,6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 98 тонна орд, 234,1 тонна маҳсулоти ширӣ, 47,1 тонна равғани растанӣ, 1301,9 тонна ресмони пахтагин, 37550 тонна семент, 3535,3 м3 маҳсулот аз пластикаи физилӣ, 2113,2 ҳазор дона маҳсулоти пластмассӣ истеҳсол намудаанд, ки вусъати афзоиш дар ин самт аз 101 то 122 фоизи ҳамин давраи соли гузашта рост меояд. 

Гардиши савдои чакана 217 млн. 741 сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба хамин давраи соли гузашта 35 млн. зиёд мебошад, ки 119,5 фоизро дар бар мегирад.

Субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳия дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 185 адад зиёд шудааст.