Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо фаъолияти корхонаи "Қолинҳои Қайроққум" шинос гардид.
Бояд қайд намуд, ки"Қолинҳои Қайроққум" аз калонтарин корхонаҳои саноатии мамлакат ба ҳисоб меравад. Фаъолияти корхона ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона карда шуда, иқтидори солонаи он 2 миллион метри мураббаъ рӯйпӯшҳои рӯифаршии тафтингии нақшзадашударо дар бар мегирад.
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз дастгириҳои давлатӣ имконияти истеҳсолии корхона васеъ шуда, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содироти маҳсулот зиёд шуда истодааст.
Дар “Қолинҳои Қайроққум” қолин ва рӯйпӯшҳои рӯифаршӣ бо беш аз 100 навъи нақшу нигор ва андозаҳои гуногун истеҳсол карда мешавад, ки дар дохилу хориҷ харидорони худро дорад.
Соли равон аз корхона ба маблағи 950 000 доллари ИМА маҳсулот содирот шудааст ва роҳбарияти корхона тасмим дорад ҳаҷми содиротро боз ҳам зиёд намояд. Зеро барои ин тамоми имкониятҳо мавҷуд буда, бо шарикони хориҷӣ низ ба маблағи 10 миллион доллар шартномаҳо ба имзо расонида шудааст.
Сипас, роҳбари вилоят бо рафти бозсозии корхонаи "Маҳмуд ва Ко" ва сохтмони маркази саломатӣ шинос шуда, барои вусъатбахшии корҳои ободониву бунёдкорӣ супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд