Дар Истаравшан корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти маишӣ бунёд мешавад

Дар шаҳри Истаравшан ба бунёди корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти маишӣ оғоз бахшида шуд.

7 апрели соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода якҷо бо роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода ба бунёди корхона санги асос гузоштанд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ дар корхонаи бунёдшаванда истеҳсоли телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ бо бренди "ORVIGA" ба роҳ монда хоҳад шуд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби ҶДММ "ORVIGA" дар масоҳати зиёда аз 2 гектар бунёд гардида, дар рафти сохтмон наздик 20 нафар бо ҷойи корӣ ва пас аз мавриди истифода қарор додани марҳилаи якум наздик 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Маҳсулоти корхона воридотивазкунанда буда, бо нархҳои дастрас ба бозори дохилӣ ворид карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд