5 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷмааи "Ориён"-и шаҳри Исфара бо тарзу усулҳои нави банду басти меваи хушк, маҳсулоти қаннодӣ ва кулолгарӣ шинос гардид.
Шаҳри Исфара бо истеҳсол ва банду басти хушкмева маъруф буда, маҳсулоти аҳли меҳнати шаҳр дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ харидорони сершумор дорад. Дар ин раванд дар корхонаҳои банду басти шаҳри Исфара хушкмеваҳо бо тарҳу ороиши хос пешкаши мизоҷон гардонида мешавад.
Зимни шиносоӣ бо маҳсулоти корхонаҳо Раиси вилоят таъкид кард, ки бо талошҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ хуб мешиносанд. Маҳсулоти дар мамлакат истеҳсолшаванда ба кишварҳои хориҷӣ содирот шуда, бо ин роҳ кишвар муаррифӣ мегардад.
Бо мақсади муаррифии шоистаи имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳунарҳои халқӣ имрӯзҳо банду басти меваи хушк бо тарзу усули хосаи миллӣ ба роҳ монда шудааст. Барои ин аз тарафи ҳунармандони шаҳри Исфара намудҳои гуногуни қуттӣ, ки асосан аз маҳсулоти табиӣ бо омезиши нақшу нигори миллӣ омода гардидааст, истифода мешавад.
Ҳамаи маҳсулот ба таври дастӣ тавассути кандакорӣ ва нақшбандӣ сохта шудааст. Ҳамчунин маҳсулоти кулолгарӣ низ, ки соф табиӣ мебошад, муаррфигари ҳунарҳои халқи тоҷик аст.
Раиси вилоят барои банду баст ва пешниҳоди маҳсулот бо ороишоти миллӣ ба масъулин тавсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд