Дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳ равона гардида, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот сол аз сол афзун мегардад.
Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 26 млрд. 51,9 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2022 бо нархҳои муқоисавӣ 2,9 млрд. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,7 фоизро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд.
Дар ин раванд дар Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бо иқдоми масъулини БТК "ГРУПП" коргоҳи нави коркарди пахта бунёд гардидааст.
Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз коргоҳ иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии корхона 7,3 гектарро ташкл медиҳад. Технологияи муосири коркарди пахта аз ширкатҳои пешрафта харидорӣ ва васлу насб карда шудааст. Дар ин коргоҳи навбунёд дар як шабонарӯз беш аз 200 тонна пахта қабул ва коркард карда мешавад.
Раиси вилояти Суғд аз ташаббусҳои созандаи масъулини "ГРУПП" хуш истиқбол намуда, барои амалӣ шудани он дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд