Боздид аз ҶСП "Новселмаш" ва корхонаи ресандагӣ дар ноҳияи Спитамен

Дар корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии техникаҳои кишоварзии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "Новселмаш" бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим амалӣ мегардад.​

Аснои боздид ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маълумот дода шуд, ки дар ин корхона истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии техникаҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, ҳаҷми истеҳсол дар як сол беш аз 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.​

Рушди соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлкат дар соҳаи кишоварзӣ талабот ба қисмҳои эҳтиётии техникаҳои кишоварзиро зиёд намуда, корхона дар сурати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот ба дастовардҳои бештар ноил мегардад. Масоҳати умумии корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии техникаҳои кишовразии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "Новселмаш" 10 гектар буда, даҳҳо нафар дар он кору фаъолият доранд. Бо амалӣ шудани нақшаҳои нек нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ бештар мегардад.

Дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Текстили Тоҷикистон" шинос шуд.​

Роҳбарияти корхона дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолият қарор дода, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, фароҳам овардани ҷойҳои навӣ корӣ тадбирҳои муҳим андешидааст.​

Дар асоси нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ соли равон дар корхонаи корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Текстили Тоҷикистон" ҳаҷми истеҳсолот зиёд, ҷойҳои нави корӣ ташкил ва музди маоши кормандон зиёд карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд