Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 ба 2,7 млрд. доллари амрикоӣ расонида шудааст, ки аз он ҳаҷми воридот 2 млрд 37,6 млн. доллар ва содирот 756,7 млн. доллар ташкил медиҳад.
Дар соли 2023 ба маблағи 371,2 млн. доллар маъдану консентрат, ба маблағи 81,4 млн. доллар нахи пахта ва ба маблағи 15,6 млн. доллар семент содирот карда шудааст, ки мутаносибан 49,0 фоиз, 10,8 ва 2,1 фоизи ҳаҷми умумии содиротро ташкил намудааст.
Дар соли 2023 ба маблағи 10,1 млн. доллари амрикоӣ 4082 тонна калоба ва ба маблағи 24,3 млн. доллар 1540 тонна либосворӣ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 8,2 млн. доллар ё 4,2 баробар ва 2,1 млн. доллар ё 109,5 фоизро ташкил намудааст.
Дар ин давра 157,4 ҳазор тонна ё 24,3 ҳазор тонна зиёд маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 40,7 млн. доллар содирот шудааст.
Соли 2023 содироти хушкмева ба 32,8 ҳазор тонна афзуда, ба маблағи 30,7 млн. доллар 86,2 ҳазор тонна хушкмева содирот шудааст.
Содироти обҳои ташнагишикан нисбат ба соли қаблӣ 11,1 млн. литр афзоиш ёфта, ба маблағи 9,0 млн. доллар 24,9 млн. литр ин намуди маҳсулот содирот шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд