Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти як қатор корхонаҳои истеҳсоли равған шинос гардид.
Дар вилояти Суғд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ашёи хом коркард шуда, бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин карда мешавад. Тибқи иттилои масъулин айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 30 адад корхонаи истеҳсоли равған фаъолият дошта, дар соли ҷорӣ 3724 тонна равған истеҳсол шудааст.
Раиси вилоят дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз корхонаҳои истеҳсоли равғани ҶДММ "Сахо", ҶДММ "Шамс 777" ва ширкати "Фаровон" боздид намуд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ "Сахо" метавонад дар як шабонарӯз 3,5 тонна равған истеҳсол намояд. Барои фаъолияти муназзами корхона миқдори зарурии чигит захира шуда, дар он 46 нафар кор мекунанд.
Мусаллам аст, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди бахши хусусӣ имтиёзу сабукиҳо пешниҳод гардида, соҳибкорон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда саҳми шоиста мегузоранд.
Дар ҶДММ "Шамс 777", ки ба қабулу коркарди пахта ва истеҳсоли равған машғул аст, то имрӯз 1000 тонна чигит коркард шуда, 800 тоннаи дигар захира карда шудааст.
Корхонаи равғанбарории ширкати "Фаровон" аз зумраи корхонаҳои калони истеҳсолӣ буда, масъулони ширкат тасмим доранд, ки баҳри иҷрои супоришҳои Сарвари давлат сехҳои навро ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсолро зиёд намоянд. Корҳои бунёдии сехи нав тибқи нақша ҷараён дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он боз 20 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, сифати равған дар корхонаи ширкат бо истифода аз таҷҳизоти зарурӣ ҳар ду саоат пурра назорат карда мешавад. Истеҳсол ва бандубасти равған дар ин корхона мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ буда, дорои сифати баланд мебошад.
Корхонаи равғанбарории "Зирвеко" дар шаҳри Хуҷанд бо истифода аз технологияҳои муосири истеҳсоли Чин ва Итолиё бунёд гардида, дар он аз маҳсулоти равғани хом маҳсулоти баландсифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандартӣ омода менамоянд. Бино бар иттилои масъулон иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 30 тонна буда, он асосан равғани хоми пахта, рапс, зағир ва дигар зироатҳои равғандеҳро бо сифати баланд коркард намуда, ба харидорон пешниҳод менамояд.
Раиси вилоят аснои боздид барои фаъолияти муназзами корхонаҳо, бо истифода аз захираву имкониятҳо ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, зиёд намудани истеҳсоли равған ва марҳила ба марҳила таъмин намудани бозори дохилӣ бо ин маҳсулоти ниёзи аввал ба масъулин супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд