Ба истифода додани коргоҳҳои қолинбофии дастӣ ва коркарди меваи хушк дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ коргоҳҳои қолинбофии дастӣ ва коркарди меваи хушк ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи иншоот намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияту сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Иншоот бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Саидмурод Давлатов дар масоҳати 525 метри мураббаъ бунёд карда шудааст. Бинои навбунёд аз се ошёна иборат мебошад ва дар ошёнаи якум коргоҳи қолинбофии дастӣ ташкил гардидааст. Коргоҳ дорои 16 дастгоҳи қолинбофӣ мебошад ва 40 нафар занону духтарони деҳаи Дарғ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд. Дар оянда шумораи коргарон ба 60 нафар расонида мешавад. Тибқи нақша минбаъд дар ҳудуди иншоот ҳамчунин коргоҳи коркарди пашм ва истеҳсоли риштаи абрешимӣ барои қолинбофӣ ташкил карда мешавад.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол ба 1000 метри мураббаъ қолини дастӣ баробар мебошад. Қолинҳо бо дарозии аз 3 то 5 ва паҳноии 2 метр истеҳсол карда мешавад. Қолинбофӣ кори душвор буда, заҳмати зиёдро талаб мекунад. Тибқи иттилоъ як қолин бо андозаи 3 ба 2 дар давоми 2 моҳ омода карда мешавад. Қолинҳо бо тарҳи гуногун ва пурра бо истифода аз риштаи абрешимӣ омода карда мешаванд. Нақшу нигори қолинҳо миллӣ буда, санъати баланди бофандагии миллати тоҷикро таҷассум мекунанд.

Дар ошёнаи дуюми иншоот коргоҳи коркард ва банду басти меваи хушки ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон” ташкил гардидааст. Дар ин ошёна дастгоҳҳои замонавӣ барои басту банди меваи хушкро, ки истеҳсоли Хитой, Туркия ва Ҷопон мебошанд, васлу насб намудаанд. Иқтидори коргоҳ дар як сол ба коркарди зиёда аз 100 тонна меваи хушк баробар мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳи навтаъсис беш аз 20 намуд мева, асосан меваҳои дар ҳудуди д3ењаи Дарғ ва атрофи он мавҷудбуда коркард мешавад. Маҳсулоти коргоҳро бо тамғаи “Зарафшон-фуд” асосан ба Амрико, Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои Аврупо содирот мекунанд ва ҳамчунин дар бозори дохилӣ ба фурўш мегузоранд. Аз рўи нақша оянда доираи фаъолияти коргоҳ васеъ ва ҳаҷми истеҳсолот зиёд карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд