Шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ «Ҷахида» дар ноҳияи Зафаробод

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод бо фаъолияти ҶДММ «Ҷахида» шинос гардид. Самти асосии фаъолияти фермаи инноватсионӣ ин парвариши чорвои хурди шохдор ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ аз қабили панир, шир ва ҷурғот ба ҳисоб меравад. Айни замон дар ин ферма 147 сар буз парвариш карда мешавад, ки 90 сари он ширдеҳ мебошад.

Дар як шабонарӯз то 70-80 литр шир гирифта шуда, давоми як моҳ то 150-200 кг панир ва 800 литр ширу ҷурғот истеҳсол карда мешавад. Барои ин тамоми имконот ва дастгоҳи мавҷуда муҳайё гардидааст. Фермаи мазкур бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз буда, масъулин азм доранд дар оянда саршумори чорворо зиёд гардонанд.

Маҳсулоти истеҳсолгардида дар бозорҳои вилоят ва кишвар ба фурӯш бароварда мешавад ва аз лиҳози табиӣ тоза буда, ба саломатии инсон манфиати бештар дорад. Дар умум, дар хоҷагиҳои минтақа бо дастгирии ин фермаи инноватсионӣ саршумори чорвои хурди шохдор, яъне бузҳои зотӣ то ба 300 сар расонида шудааст.

Баробари бузҳои зоти ширдеҳ дар ин ферма парвариши чорвои калони хушзот, парранда ва занбӯри асал ба роҳ монда шудааст, ки аз тарафи роҳбари вилоят ба он баҳои баланд дода шуд. Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати зиёд намудани саршумори чорвои зотии ширдеҳ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи он дар дигар минтақаҳои вилоят дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар ноҳияи Зафаробод Раиси вилоят ҳамчунин собиқадори меҳнат Мирзооқил Исмоиловро ҳолпурсӣ намуд. Роҳбари вилоят зимни мулоқот ва ҳолпурсӣ таъкид дошт, ки собиқадорони арсаи меҳнат, ки тамоми умри бобаракати хешро барои пешрафти меҳан сарф намудаанд, доимо таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода мешаванд. 

Мирзооқил Исмоилов солҳои зиёд баҳри пешрафт ва шукуфоии Ватан заҳмат кашида, саҳми худро дар ободонии диёр гузоштааст. Номбурда ҳамчун ходими давлативу сиёсӣ фаъолияти пурсамар дошта, кору пайкораш намунаи ибрат барои насли имруза ба ҳисоб меравад ва то кунун барои тарбияи насли ояндасози миллат саҳми босазо гузошта, дар корҳои ободониву бунёдкорӣ фаъол аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд