Ҷаласаи ҳайати мушовараи кормандони соҳаи молия

11 октябр ҷаласаи ҳайати мушовараи Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд натиҷаи фаъолият ва иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети вилоятро дар нўҳ моҳи соли 2023 баррасӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки тибқи маълумоти омори давлатӣ дар ҷамъбасти нўҳ моҳи соли 2023 нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди вилоят ба 24472,7 млн. сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 108,2 фоиз баробар гардида, саҳми он дар маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар 27,2 фоизро ташкил додааст.

Инчунин, рушди нишондиҳандаи мазкур дар ин давра асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 107,5 фоиз, кишоварзӣ 101,7 фоиз, гардиши савдои чакана 109,4 фоиз, хизматрасониҳои пулакӣ 103,6 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 127,7 фоиз ва ғайра таъмин гардид.

Дар натиҷаи таъмин шудани рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, дар нўҳ моҳи соли 2023-юм нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 106,2 фоиз иҷро гардид. Дар ин давра ба буҷети давлатӣ 3195,8 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нақша 185,7 млн. сомонӣ ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022-юм 442,0 млн. сомонӣ ё 16,1 фоиз зиёд мебошад.

Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят иҷрои нақшаи даромади буҷет аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот пурраю барзиёд таъмин карда шуд. Инчунин, ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ўҳдадориҳои андозии худро аз рўи контингенти умумии даромадҳо таъмин карданд.

Дар ҷаласаи корӣ сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Анвар Мирзозода пурсиш гузаронида, барои бартараф намудани камбудиҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.