Боздиди Раиси вилоят аз ҶДММ «Спитамен текстайлз» ва ҶДММ «25-солагии Истиқлолият»

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо фаъолияти ҶДММ «Спитамен текстайлз» шинос гардид.

Маврид ба зикр аст, ки​ ҶДММ «Спитамен текстайлз» бо​ ширкати "БТК Групп"-и Федератсияи Россия ҳамкорӣ дошта, коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагинро ба таври кластерӣ ба роҳ мондааст. Ҷамъият дорои садҳо гектар замин буда, якҷо бо​ ширкати "БТК Групп" барои харидории агрегатҳои нави пойгоҳи обкашӣ, техникаҳои кишоварзӣ ва хатҳои нави истеҳсолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.​ Аз ҷумла, барои пойгоҳи обкашии «Новая» муҳаррики нав харидорӣ гардидааст. Ҳамзамон барои сари вақт​ гузаронидани корҳои саҳроӣ 32 адад техникаи кишоварзӣ ворид карда шудааст, ки бешак ба беҳтар шудани вазъи кор мусоидат мекунад.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади зиёдтар коркард намудани пахта ва дар натиҷа беҳтар намудани фаъолияту бештар намудани номгӯи маҳсулоти аз пахта омодашаванда сехи нави коркард бунёд карда мешавад. Хатҳои нави истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид карда шуда, корҳои васлу насб идома дорад.

Ба корхона ҳамарӯза то 60 тонна пахта барои коркард ворид шуда, аз аввали мавсим 654 тонна пахта қабул шудааст.

Раиси вилоят ба фаъолияти ҷамъият баҳои баланд дода, барои бештар ҷалб намудани сармоя ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тайёр ва содироти он ба масъулин супоришҳо дод.

Сипас, роҳбари вилоят аз корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равған дар ҶДММ «25-солагии Истиқлолият»​ боздид намуд. Чуноне маълумот дода шуд, ин корхона бо 500 хоҷагии деҳқонии ноҳия шартнома дошта, ҳамарӯза 140 тонна пахта қабул намуда истодааст. То имрӯз 1120 тонна пахта барои коркард қабул гардидааст.

Дар ин корхона бо коркарди пахта равған низ истеҳсол шуда, ба фурӯш бароварда мешавад.

Дар идома роҳбари вилоят аз боғоти ташкилнамудаи соҳибкор Фирӯз Абдунабиев боздид кард. Ба иттилои масъулин соҳибкор дар майдони 5 гектар боғи себ ташкил намудааст ва соли чорум аст, ки 12 ҳазор бех дарахти себ парвариш карда мешавад. Обёрии боғ ба таври қатрагӣ ба роҳ монда шуда, ниҳолҳои аз соли дуюм ҳосил медиҳад. Ҳоло ҷамъоварии себ идома дошта, боғдорон то имрӯз 5 тонна себи хушсифатро чидаву захира намудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд