Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”

16 август​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ бо корҳои азнавбарқароркунии корхонаи​ гидрометаллургии​ КВД​ “Фулузоти нодири Тоҷикистон” шинос гардид.​

Тавре маълумот дода шуд, тибқи дастуру супоришҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —​ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди соҳаи саноат ва саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат иқтидорҳои мавҷуда мақсаднок истифода бурда мешавад. Роҳбарияти​ КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” тасмим гирифтааст, ки​ бо ворид намудани хатҳои нави истеҳсолӣ фаъолияти​ корхонаи металлургиро беҳтар намояд.

Раиси вилоят иқдоми масъулинро хуш истиқбол намуда, барои суръатбахшии корҳо ва ба ободонӣ фаро гирифтани ҳудуди корхона супоришҳо дод.

Сипас, роҳбари вилоят аз маркази муосири логистикии​ КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” боздид ба амал овард. Ин марказ дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, дар он​ то 100 нафар бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд. Дар марказ асосан​ хизматрасонии борфарорӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, нигоҳдории молу маҳсулот, воридот ва содирти маҳсулот дар назар дошта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд