6 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо сохтмони як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.
Дар дар маҳаллаи “Темурмалик”-и шаҳр роҳбари вилоят бо раванди сохтмони коргоҳи коркарди гўшти мурғ ва истеҳсоли ҳасиби ҶДММ ”Насиби ширин” шиносоӣ пайдо намуд. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Салимҷон Ҷўраев бунёд гардида, он асосан ба коркард ва басту банди гўшти мурғ ва дар ояндаи наздик ба истеҳсоли ҳасиб машғул хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи ватанӣ бомаром идома ёфта, таҷҳизоти коргоҳ, ки истеҳсоли кишварҳои Чин ва Туркия мебошад, то охири соли 2023 ворид карда мешаванд. Ҳаҷми аввалияи сармоягузории ин тарҳ беш аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Зикр шуд, ки дар марҳилаи аввали корандозии корхона коркарди гўшти мурғ ба назар гирифта шудааст. Дар марҳилаи дуюм соҳибкор иқдом гирифтааст, ки бо ворид намудани технологияи муосир истеҳсоли ҳасибҳои гуногуннавъро ба роҳ монад. Баъди истифодадиҳии марҳилаи аввали ин коргоҳ беш аз 40 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд.
Сипас, Раиси вилоят ҷараёни сохтмони корхонаи “Доро инвест”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби ширкати гуногунсоҳаи “Доро инвест” корхонаи коркарди мева бунёд мешавад. Интизор меравад, ки баъди воридоти таҷҳизоти муосир аз хориҷи кишвар корҳои васлкунӣ оғоз гардад.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафи стратегӣ эълон шудани саноатикунонии мамлакат таъкид намуд, ки ин иқдомро саноатчиёни вилоят ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ месозанд. Дар ин замина дар шаҳр заминаҳои васеи роҳандозии фаъолият муҳайё карда шудааст ва соҳибкорон аз он бояд самаранок истифода намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд