СУҒД: Ба маблағи 948 миллион доллар маҳсулот содирот гардид

Дар 11 моҳи соли равон ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолии вилояти Суғд бо молҳои аввалиндараҷа ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, инчунин, таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот дар вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар ин давра ба 13 млрд. 879,2 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 3 млрд 716 миллион сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 103,1 ва 110,8 фоизро ташкил намуд.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ба 2 млрд. 840,7 миллион доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 140,5 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми воридот 1 млрд. 892,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 409,7 миллион доллар ё 27,6 фоиз афзудааст. Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 948 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 408,9 миллион доллар ё 1,8 баробар зиёд мебошад.

Содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 340,0 миллион доллар афзоиш ёфта, маъдан ва консентрат ба маблағи 624,2 миллион доллари ИМА содирот шудааст.

Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 83428 тонна афзоиш ёфта, ҳамагӣ 696082 тонна семент ба маблағи 21,6 миллион доллари ИМА содирот шудааст.

Ба маблағи 20,57 миллион доллари ИМА 1330 тонна либосворӣ низ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 3,4 миллион доллари ИМА ва 248 тонна ба ҳисоб гирифта шудааст. Илова бар ин, ба маблағи 1,77 миллион доллар 536 тонна калобаи пахтагин содирот шудааст.

Дар 11 моҳи соли 2022 ба маблағи 36,7 миллион доллари ИМА 128193 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 13,5 миллион доллар зиёд аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд