“Дадохон Очилов соҳибкори муваффақе буд, ки дар пешрафти саноати вилоят саҳми назаррас гузошт”

Зиндагии инсонҳо барои некӣ кардан ба ҳам аст ва дастёри ҳамдигар будан беҳтарин рисолати инсонист, ки хушбахтона инро бисёре аз шахсиятҳо хуб дарк мекунанд ва умри худро сарфи ободии диёр  менамоянд. Ҳамин муҳаббат варзидан ба инсонҳо ва саҳм гузоштан дар пешрафти ҷомеа аст, ки якеро соҳибэҳтиром мекунаду дигареро ба қуллаи мурод мерасонад. Зеро хуб будан ва хубӣ кардан дар замири башар нуҳуфтаву ҳамеша водор месозад, ки дар иҷрои корҳои неку мондагор фаъол бошем. 8 октябри соли 2022 дили яке аз инсонҳое аз тапиш монд, ки дар дилу дидаи мардум ҷо гирифта буд: Очилов Дадохон Икромович...

Очилов Дадохон Икромович 29 октябри соли 1963 дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба дунё омада буд. Соли 1980 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 6-и ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1985 онро бо муваффақият хатм мекунад. Аз рӯи ихтисос, ки муҳандиси барқ аст, фаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси муҳандиси “СПМК-19” оғоз бахшида, сипас муддате сарбарқчии корхонаи хурди “Деҳот” буд.

Назаре ба зиндагии мавсуф нишон медиҳад, ки кордониву корофарии Очилов Дадохон ба зиндагии садҳо нафар таъсири хуб гузошта, бо талошҳои пайвастаи ӯ садҳо нафар соҳиби ҷойи кор, маоши хуб ва зиндагии шоиста гардидаанд.

Соҳибкори номӣ соли 2010 ассотсиатсияи “Кедр”-ро ташкил намуда, сипас ба бунёди як қатор корхонаҳои саноатии муваффақ замина гузоштааст. Яке аз чунин корхонаҳои фаъол корхонаи муштараки тоҷикиву туркии “Силкоат Бойя” маҳсуб меёбад, ки он соли 2011 дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шуруъ кардааст. Корхона натиҷаи гуфтушунид ва мулоқоту вохӯриҳои соҳибкорони тоҷику турк аст, ки соли 2009 дар Душанбе ва соли 2010 дар Истанбул бо ҳузури роҳбарони олии Тоҷикистону Туркия сурат гирифта буд.

-Аслан мо барои тиҷорат ва овардани маҳсулот аз Туркия бо ҳамроҳии Очилов Дадохон ба ин кишвар сафар карда будем. Чанд маротиба маҳсулот ба Тоҷикистон ворид карда шуд ва бо зиёд шудани талабот тасмими ташкили корхона руи кор омад. Шодравон Очилов Дадохон, ки ҳамеша дар паи эҷоди навоварӣ буданд, бо омӯзиши вазъи бозор ба шарикони турк пешниҳод карданд, ки дар Тоҷикистон корхонаи муштарак сохта шавад. Пас аз омӯзишу баррасиҳо ва гузаронидани семинарҳо аз Туркия ва Италия мутахассисонро барои таҳияву татбиқи лоиҳа ҷалб намудем ва бо ҳамин барои ташкили корхона замина гузошта шуд,- мегӯяд яке аз ҳамроҳону коршарикони соҳибкори маъруф Муъмин Умаров ва илова мекунад, ки “Дадохон Икромович пеш аз ҳама идеяҳои олӣ доштанд ва барои татбиқи онҳо ҳамеша дар талош буданд. Натиҷаи заҳмату талош ва кордониашон буд, ки корхонаҳои “Силкоат Бойя”, “Фортуна ва ко”, “Арча” ва “Арча мебел” ташкил гардида, ба корхонаҳои муваффақ табдил ёфт. Дадохон Очилов воқеан ҳам як соҳибкори муваффақе буд, ки дар пешрафти саноати вилоят саҳми назарраси худро гузоштаст””.

Корхонаи “Силкоат Бойя” аз аввалин корхонаҳое дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки ба истеҳсоли ранг машғул аст ва дар он то 40 намуди маҳсулот барои сохтмон истеҳсол мегардад. Мутахассисони корхона зиёда аз 2500 навъи рангу ҷилоро омода мекунанд, ки имрӯзҳо дар сохтмону ороиши биноҳои истиқомативу маъмурӣ истифода гардида истодааст.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкори муваффақи тоҷик  Очилов Дадохон бо шарикони рушд боз як корхонаи азими саноатиро ба истифода дода, бо воридсозии технологияҳои муосир истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридотро ба роҳ монд. Корхонаи коркарди чӯбу тахтаи “Арча” бо мақсади таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти ватанӣ корро оғоз намуда, бо сифати баланд маҳсулоти худро ба фурӯш гузошт ва оҳиста-оҳиста дар бозор мавқеи худро па йдо намуд. Зимни ифтитоҳи ин корхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассисон, аз ҷумла ба Очилов Дадохон супориш дода буданд, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ оид ба зиёд намудани номгӯи маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсоли мебелро ба роҳ монанд. Соҳибкор бо дасту дили гарм пайи иҷрои супориши Президенти мамлакат шуда, бо ҷалби мутахассисони Туркия, Италия ва Россия корхонаи муштараки тоҷикиву туркии “Арча-мебел”-ро бунёд кард, ки дар маросими ифтитоҳи он Пешвои муаззами миллат иштирок карда ба кори соҳибкор баҳои баланд доданд...

Дастуру ҳидоят ва роҳнамоиҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кору пайкору талошҳои чунин соҳибкорон аст, ки имрӯзҳо Ватани азизамон обод гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтар ва дастархон пур аз нозу неъмат аст. Роҳнамоиҳои Сарвари давлат буд, ки Очилов Дадохон тасмим гирифт, дар таъмини амнияти озуқаворӣ низ саҳм гузошта, боғеро аз худ ба ёдгор монад. Бо ташкили дурусти кор, ҷалби олимону мутахассисон дар мавзеи Қотмаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо заҳматҳои соҳибкори хушном хоҷагии ёрирасон ташкил гардида, дар даҳҳо гектар боғи дарахтони мевадиҳанда бунёд гардид. Бо гузашти солҳо ва талаботи замон соли ҷорӣ низ 5 гекар боғи интенсивӣ ташкил карда шуда, ниҳолҳои серҳосили нок, чормағз, себу зардолу аз Туркия ворид карда шуд ва умед аст, ки масоҳати боғи замонавӣ то 9 гектар расонида шавад...

...Бале, ҳамин чанд мисол аз зиндагии соҳибкори зиндаёд Очилов Дадохон кофист, ки ҳар кадоми мо бояд барои ободии Ватан саъй кунем. Зеро хизмати арзанда ҳамеша қадр мешавад. Заҳматҳои Очилов Дадохон низ дар вақти зиндагиаш бо медали “Хизмати шоиста” қадр шуд. Имрӯз садҳо нафар дар корхонаҳои таъсисдодаи соҳибкори шодравон фаъолият мекунанд ва ҳама хотираи неке аз Очилов Дадохон доранд. Баҳром Усмонов, директори ширкати “Фортуна ва ко” аз шогирдони муваффақи Очилов Дадохон аст ва хотираҳои неке аз устоди худ дорад. Ӯ мегӯяд “мактаби роҳбарии Очилов Дадохон шогирдони зиёдро тарбия кардааст. Вақте нав ба кор омадам таъкид карда буданд, ки бояд фақат ба пеш ҳаракат кунем. Ба гапҳои атроф эътибор надода, танҳо бояд ба охири кор нигоҳ кард. Яъне мо аз шодравон дурнигариро омӯхтем ва ҳамеша таҳлил карда, натиҷаи корро аз қабл тарҳрезӣ менамоем.” Илҳом Муъминов, сармуҳандиси ин ширкат низ аз меҳатдӯстиву ташкилотчигии марҳум ёдоварӣ карда, иброз дошт, ки “Очилов Дадохон на танҳо соҳибкори муваффақ, балки ҳамкори хубу хоксор ва кӯмакрасони коргарон дар масъалаҳои шахсӣ низ буданд.”

Оре, ҳамин некие аз худ мондан аст, ки ба зиндагӣ маъно мебахшад ва хотираи хуберо дар ёду дилҳои дигарон ба ёдгор мегузорад...