Дар 9 моҳи соли 2022 дар вилояти Суғд ба маблағи 17 млрд. 141,0 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 122,0 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба миқдори 1004,9 ҳазор тонна семент ва 1396,5 ҳазор тонна ангишт истеҳсол гардид. Ҳамзамон, дар ин давра бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 1840,6 тонна калоба ва 5413,0 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст.
Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 9 моҳи соли 2022 ба миқдори 3135,2 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки баробари 111,8 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ мебошад. Ба миқдори 32401,1 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол шуда, суръати афзоиш 110,8 фоиз таъмин гардидааст. Ҳаҷми истеҳсоли консерваҳо ба 27218,6 ҳазор қуттии шартӣ расонида шудааст, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 101,1 фоизро ташкил медиҳад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд