Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 18-уми август иди касбии кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад. Имсол ин санаи фархунда ба соли ҷашнҳои 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ омад.
Бо истифода аз фурсат, кулли кормандони соҳаи ҳифзи сиҳатии оммаи вилоятро сидқан табрику муборакбод гуфта, тансиҳатию хотирҷамъӣ, барори кор ва дар иҷрои рисолати касбӣ дастоварду муваффақиятҳо орзу менамоям.




