Миллати тоҷик аз гузашта то ба имрӯз бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгир шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Фарҳанги миллии мо, аз ҷумла санъати Шашмақом арзишмандтарин дурри гаронбаҳо буда, ин санъати бузурги пурҷозибаро ҳазорҳо ромишгарону сарояндагон давоми асрҳо сайқал дода, щанитар гардондаанд.
Имрӯз мусиқии классикии тоҷик Шашмақом ҳамчун шоҳкории фарҳанги башарият аз ҷониби Созмони байналмилалии ЮНЕСКО пазируфта шуда, ҳамасола 12-уми май чун рӯзи Шашмақом таҷлил карда мешавад, ки кулли ҳунармандону ҳаводорон, навозандагону сарояндагонро муборакбод мегӯям.