Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа

Муҳтарам алоқачиён!

Ҳамасола санаи 7-уми май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа ҷашн гирифта мешавад.

Алоқа яке аз муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқ буда, пешбурди ин соҳа, бахусус дар солҳои охир аҳамияти стратегии худро собит намуд.

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр  

Кулли мардуми сарбаланди вилоятро бо фарорасии Иди саиди Фитр,  ки саршор аз файзу баракат ва ифодакунандаи арзишҳои олии инсонӣ - сабру таҳаммул, накӯкорӣ, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббат мебошад, самимона табрику муборакбод менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббус ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон Иди саиди Фитр ҳамасола дар рӯҳияи идона таҷлил мегардад.

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён

Муҳтарам кормандони соҳаи иқтисод!

Тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” санаи 8 апрел ҳамчун Рӯзи иқтисодчиён ба қайд гирифта шуда, ҳамасола ин сана дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.

Боиси таъкид аст, ки саҳми кормандони соҳаи иқтисод дар таъмини рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар беандоза буда, вазифаи басо пурмасъулият, яъне ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ бар ӯҳдаи онҳо вогузор гардидааст.