Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Таҷлили шахсияти бузурги олами илму ирфон, шоир ва мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ, фарзанди барӯманди халқи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ба сокинони вилоят, хосатан ба аҳли илму адаб сидқан табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатию сарбаландӣ ва дар амалӣ намудани ҳадафҳои неку созанда дастоварду муваффақиятҳо орзу менамоям. 

Таъсири афкору андешаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар фарҳанги ҷаҳонӣ беназир буда, дар баробари ба ҳам овардани халқу миллатҳои гуногуни олам дар муаррифии шоиста ва шинохти беҳтари забон ва таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин таҳкими ҳуввияти миллии мо нақши арзишманд мегузорад.

Мавлоно Ҷалолиддин бо таълифи осори гаронбаҳо, бахусус шоҳкори бузурги фалсафию ирфонии "Маснавии маънавӣ", ки яке аз пурхонандатарин китобҳо дар миёни мардуми дунё ба ҳисоб меравад, ҳикмату ахлоқи инсониро бар пояҳои боз ҳам баландтар бардошта, ба гуфтугӯи фарҳангу тамаддунҳо асос гузошт. 

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи мелиораторон

Ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 13 сентябр Рӯзи мелиораторон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат кулли кормандону собиқадорони соҳаро самимона табрик намуда, ба ҳамагон, сиҳату саломатӣ, хонаи обод ва дар фаъолияти меҳнатиашон дастовардҳои беназир орзу менамоям.

Дар ҳақиқат саҳми мелиораторон дар рушди соҳаи кишоварзӣ беназир буда, фаровонии бозори истеъмолӣ маҳз аз кору фаъолияти шабонарӯзии онҳо вобастагии калон дорад.

Ҳоло дар вилоят зиёда аз 430 дастгоҳи пойгоҳҳои обкашии хурду бузург барои обёрии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва боғу токзор мавҷуд буда, ҷиҳати мунтазам кор кардани онҳо аз тарафи мутахассисони варзида тадбирҳои зарурию саривақтӣ роҳандозӣ мегардад.

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сокинони сарбаланди вилоятро бо фарорасии ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ - 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори пурфайзу баракат, саодати хонаводагӣ ва дастовардҳои беназир орзу менамоям.

Истиқлоли давлатӣ неъмат ва дастоварди бузургтарин мебошад, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди давлатдории навини миллӣ асос гузошт, мардуми шарифи кишварамонро муттаҳиду сарҷамъ сохта, ба барқарор шудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи қавӣ гузошт.

Агар ба таърихи на чандон тӯлонии рушди кишвари азизамон таваҷҷуҳ намоем, новобаста аз маҳрумияту душвориҳои зиёди солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки бар асари фитнаву дасисаи бадхоҳони дохиливу хориҷии миллат ба амал омаданд, Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, роҳи рушди устуворро пеш гирифт.