Табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи варзишгарон

Варзишгарони арҷманд, муҳтарам кормандони соҳаи варзиш!

Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола дар кишвари азизи мо санаи 10 - уми август Рӯзи варзишгарон мутантан таҷлил мешавад. Иқдоми мазкур самараи неки сулҳ ва суботи сиёсӣ буда, аз ҷониби дигар далел аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш маҳсуб меёбад. 

Бо истифода аз фурсати муносибат аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шумо, варзишгарон - муаррифгарони Ватанро табрик намуда, ба шумоён саломатӣ, сарбаландӣ ва саодату комёбӣ таманно мекунам.

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӣ сол қабл, яъне 23 феврали соли 1993 дар таърихи кишвари мо боз як саҳифаи хеле муҳими таърихӣ-таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипари боэътимоди давлат ба ҳисоб меравад, боз гардид.
 
Ба муносибати ин санаи фархунда тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи вилоятро самимона табрик гуфта, ба кулли ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан сиҳатмандиву хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу менамоям.
 
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба садоқати ин нерӯи тавоно ва сипари боэътимоди давлат қайд намудаанд: “Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гуруҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо арзишманд гузоштаанд”.

Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд бахшида ба Иди Сада

Кулли сокинони вилояти Суғди бостониро ба муносибати фарорасии Иди Cада, ки таърихи хеле куҳан дошта, имрӯзҳо бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардид, самимона таҳният менамоям.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, “Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид”.