Дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҳар сол якшанбеи охири моҳи август чун Рӯзи ангиштканон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат кулли кормандони соҳаро табрику муборакбод намуда, дар амалӣ гардидани нияту нақшаҳои нек барояшон барору комёбиҳо таманно дорам.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Рушди соҳаи истихроҷи ангишт ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиии кишвар метавонад, дар пешбурди иқтисодиёти кишвар, таъсис ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ саҳми назаррас гузорад».
Хушбахтона, моҳияти ин вазифаи стратегиро кулли ангиштканони вилоят – аз коргари оддӣ то роҳбарон ба хубӣ эҳсос намуда, ҷиҳати афзоиши бемайлони истихроҷи ангиштсанг силсилаи тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамоянд.