Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

Ҳамасола якшанбеи якуми моҳи октябр ба хотири қадр кардани заҳмат ва фаъолияти содиқонаву самимонаи омӯзгорон ва аҳли илму маърифат дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.

Таҷлили ин санаи фархунда шаҳодати таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии давлату Ҳукумати мамлакат ба омӯзгор, яъне роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақши илму маориф дар ташаккули ҷомеаи пешрафта ва мутамаддин таъкид намудаанд: “Бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад”.

Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бузургдошти яке аз шахсиятҳои бузурги илму адаб, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, суханвари тавонои қарни ХII Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро ба кулли сокинони вилоят ва алоқамандони сухани ноб сидқан табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатию сарбаландӣ ва дар амалӣ намудани ҳадафҳои неку созанда муваффақиятҳо орзу менамоям.

Арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддун ва мероси маънавии халқи тоҷик аз муҳимтарин паҳлӯҳои сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, моро вазифадор месозад, ки дар омӯзиш, таҳқиқ, гиромидошти арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намоем.

Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ на танҳо дар кишвари азизи мо - Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки дар кулли кишварҳои ҳамҷавор ва дӯсту ҳамзабон ҷашн гирифта мешавад, зеро хизматҳои таърихии ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ дар рушди адабиёту фарҳанги тоҷикон ва халқҳои ҷаҳон ниҳоят бузург мебошад.

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ

Фарорасии бузургдошти поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ устод Абўабдуллоҳи Рўдакиро, ки рамзи худшиносиву худогоҳӣ, истиқлолу озодӣ ва нишони ҷовидонагии адабу фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, ба сокинони сарбаланди вилоят, бахусус аҳли илму маърифат, устодону омўзгорон, донишҷўёну хонандагон ва кулли алоқамандону дилбохтагони шеъру сухани оламгир ​ сидқан таҳният мегӯям.

Санаи фархундаи Рўзи Рўдакӣ дар кишвари азизи мо ҳамасола 22 сентябр таҷлил гардида, таваҷҷуҳ ва арҷгузории давлату Ҳукумати кишварро ба хизматҳои бесобиқаи сардафтари адабиёти классикии тоҷик устод Рўдакӣ, ​ кору пайкори абармардони илму адаб, осори гаронбаҳои онҳо, таъриху фарҳанги оламшумул ва арзишҳои миллию таърихии халқамон ифода менамояд. ​