ПАЁМИ ТАБРИКИИ Раиси вилоят бахшида ба 32- солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сокинони шарафманди вилоятро бо фарорасии муқаддастарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик - 32-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, хотирҷамъӣ, ба Ватани маҳбубамон оромию осудагӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзу менамоям.

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият фароҳам овард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо дастоварду комёбиҳои беназир Ватани маҳбубамонро ба марҳалаи сифатан нави рушд расонанд.

Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд: “Маҳз дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, кишвари мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд”.

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи авиатсия

Ҷашни истиқлоли давлатӣ ва иди касбии кормандони соҳаи авиатсия дар шароите таҷлил мегардад, ки кишвари азизамон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ пеш рафта, мардуми шарафманди диёр барои сазовор истиқбол гирифтани 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо азми қавӣ ва субот талош меварзанд. Кормандони соҳа ва собиқадоронро бо иди касбиашон табрику таҳният мегӯям.

Маврид ба зикр аст, ки кишвари азизамон ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ворид гардидааст, ки он аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Пас аз раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии рушди кишвар муайян шуда, маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ дар қатори дигар соҳаҳо авиатсияи гражданӣ низ рушд ёфт, робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд тавассути роҳҳои ҳавоӣ бо даҳҳо кишварҳои хориҷи дуру наздик ба роҳ монда шуданд.

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ

Устодону омӯзгорони муҳтарам!                 

Донишҷўён ва хонандагони гиромӣ!

 Ҳар сол дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хосаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ин бора таъкид намудаанд: “Маориф асоси рушду тараққиёти ҳар як давлату миллат мебошад. Зеро рушду нумуи ҷомеа, таъмини амнияти ҷомеаву давлат ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, татбиқи дастовардҳои техника ва технологияи муосир бевосита ба рушди соҳаи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён, хулоса, ба сатҳи саводи миллат вобаста мебошад”.