Муҳтарам соҳибкорон!
Боиси қаноатмандист, ки ҳамасола 14 октябр ҳамчун рӯзи соҳибкорон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи соҳибкорони вилоятро самимона таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, хотирҷамъии ҳамешагӣ, хушиҳои рӯзгор ва саодату сарбаландӣ таманно менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» зикр карданд: “Ман ба қобилияти соҳибкорони имрӯза дар самти васеъ намудани истеҳсолоти саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат, зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти ниҳоӣ ва бо ҷалби технологияҳои пешқадам ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии истеҳсолот итминон дорам ва бори дигар изҳор менамоям, ки Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ҳамеша дастгирӣ мекунад”.