Фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба ҳамаи Шумо - кӯдакону наврасон табрику муборакбод гуфта, айёми босаодати тифлӣ, осмони софу беғубор, хотири ҷамъ, саломатӣ ва хушбахтӣ таманно менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаҳои ҳифзу ҳимояи оила, кўдак ва волидайн таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд. Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки “кӯдакону наврасон сарвати асосии ҳар як халқу миллат ба ҳисоб мераванд ва онҳо бахту саодати рўзгори ҳар як падару модар мебошанд”.
Яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин амали хайр нақши оила, ҳамчун ниҳоди боэътимод, ниҳоят муҳим мебошад. Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо менамояд ва номбардори бузургони миллат мешавад.