Сокинони сарбаланди вилоят, ҳайати фармондеҳӣ ва кулли хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои вилояти Суғдро ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон хотирҷамъию саодати рӯзгор ва дар иҷрои рисолати хизмат ба халқу Ватани маҳбуб дастоварду муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави мелодии 2026

Фарорасии Соли нави мелодии 2026-умро ба сокинони сарбаланди вилоят сидқан табрику таҳният гуфта, сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва дар амалӣ намудани орзуву ниятҳои неку созанда, дастоварду муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун соли бобарору хотирмон сабт гардид. Дар ин соли таърихӣ маҳз бо ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат мушкилоти марзии тайи беш аз сад соли охир халношудаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳал гардида, Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам овард.
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сокинони сарбаланди вилоятро ба ифтихори Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи ватандорӣ, нангу номус, худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, аз сидқи дил табрику муборакбод мегӯям.
Парчамдорӣ ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, Парчами давлатӣ баёнгари мавҷудияти миллат ва давлат, соҳиби тамаддун ва таърихи бостонӣ будани миллати мост.
Махсусан, дар даврони нави таърихӣ Парчами давлатии мо ба рамзи ҳастии миллат, садоқат ба арзишҳои муқаддаси Ватану ватандорӣ, ҳимояи марзу буми он ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат мубаддал гардидааст.
Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ дар раванди бунёди давлатдории навин нишонаи возеҳи соҳибдавлатии миллат, мояи ифтихори шаҳрвандон ва омили муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии мардум ба хотири ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва илҳомбахши ҳар як фарди ҷомеа барои заҳмати содиқона ба хотири фардои ободу осуда мебошад».




