Ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи август дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон таҷлил мегардад. Имсол иди касбии сохтмончиён ба рӯзҳое рост омад, ки сокинони вилояти Суғд аз ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, барои бо армуғонҳои шоёни меҳнатӣ истиқбол гирифтани солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талош доранд.
Ба ин муносибат, бинокорони гулдаст, собиқадорони соҳа, кулли кормандони идораю ташкилотҳои сохтмонӣ, лоиҳакашон, пудратчиён ва ҳамаи онҳоеро, ки дар қомат афрохтани иншооти ҳаётан муҳим иштирок мекунанд, табрику муборакбод гуфта, тани сиҳату хотири ҷамъ, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.




