Ҳамасола санаи 25 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ дар фазои орому осоиштаи кишвар ва ягонагию ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат, кулли кормандони соҳаро табрику муборакбод гуфта, сиҳату саломатӣ, сарбаландӣ ва саодати ҷовидонӣ орзу менамоям.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксари ҳудудаш кӯҳсор мебошад, нақлиёти автомобилӣ яке аз воситаҳои асосии ҳамлу нақл ба ҳисоб рафта, ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеаро бидуни нақлиёт тасаввур кардан щайриимкон аст.
Мавриди зикр аст, ки раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат муайян шуда, бо талошҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи нақлиёт дар даврони соҳибистиқлолии кишвар хеле рушд ёфт.
Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ аз ҷумла таъкид намудаанд: «Дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблащи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки барои ба кишвари дорои шароити муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад». Ин тадбирҳо баёнгари онанд, ки давлату Ҳукумат нисбати соҳаи нақлиёти автомобилӣ, ки рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқро бидуни он тасаввур кардан щайриимкон мебошад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Итминони комил дорам, ки кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона ва софдилона ба халқу кишвар хизмат намуда, барои бо натиҷаҳои баланди меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни бузурги 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта сарбаландона баромада, бо дарки баланди масъулиятшиносию худогоҳӣ дар ободонию пешрафти кишвари азизамон ҳиссаи босазо мегузоранд.
Бори дигар, кулли собиқадорон, кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва ҳамаи онҳое, ки пешрафти соҳаро таъмин менамоянд, бо ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда, ободии рӯзгор ва барору комёбиҳо таманно менамоям.
Иди касбӣ муборак!