Фарорасии ҷашни фархундаи даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки ҳамасола санаи 27-уми июн ботантана таҷлил мегардад, ба сокинони сарбаланди вилоят аз самими дил табрику таҳният мегӯям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тақвими миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рӯзи пирӯзӣ бар қувваҳои ҷудоихоҳ ва оғози марҳалаи нави таърихӣ таҷлил мегардад, зеро ваҳдати миллӣ хавфи пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷиконро ба таври воқеӣ пешгирӣ намуд.
Боиси таъкид аст, ки имсол аз санаи ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки асоси суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии Ватани маҳбубамонро поягузорӣ намуд, чаҳоряк аср сипарӣ гардид. Дар ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардид.
Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Аз баракати сулҳу оромӣ мо нақшаҳои худро доир ба пешрафти босуботи кишвар, ободониву созандагии Ватан ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ муайян ва муттаҳид намудем, ки имрӯз бо дастгирии самимона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқамон дар ҷодаи амалӣ гардонидани онҳо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем».
Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар соли ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хело рамзӣ мебошад, зеро Иҷлосияи тақдирсози миллат ҳамчун руйдоди сарнавиштсоз натанҳо ба хотима ёфтани мухолифатҳои мусаллаҳона ва ҷангу хунрезиҳо, балки ба таъмин гардидани сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, бунёди давлати демократӣ ва тантанаи адолату ҳақиқат мусоидат намуд.
Дар амал татбиқ гардидани қарорҳои ин иҷлосияи воқеан таърихӣ имкон фароҳам овард, ки дар кишвари азизамон сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ва ризоияти миллӣ пойдор гардида, рукнҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барқарор шаванд. Ҳаёт низ собит месозад, ки дар амал татбиқ гардидани ҳама гуна орзую омол ва нақшаву ниятҳои нек, аз ҷумла рушду тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад.
Аз ин лиҳоз, дар шароити торафт печида гардидани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯз муҳимтарин вазифаи ҳар як фарди худшиносу худогоҳ ва ватандӯст ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.
Итминони комил дорам, ки сокинони вилоят бо ҳисси баланди ватанпарастӣ таҳти парчами истиқлолу озодӣ ва ваҳдату созандагӣ муттаҳид гардида, барои шукуфоӣ ва пешрафти Ватани маҳбубамон талош меварзанд.
Бори дигар, тамоми сокинони вилоятро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, баракати рӯзгор ва ба кишвари азизамон Тоҷикистон ваҳдати пойдор орзу менамоям.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!