Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Азназаргузаронӣ: 592

Ҷавонони саодатманд!

Ҳамаи Шуморо, ки насли созандаи фардои Ватани маҳбубу соҳибистиқлол ҳастед, ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод гуфта, дар фатҳи қуллаҳои баланди зиндагӣ ва татбиқи ҳадафҳои неку оянда барору комёбиҳо орзу менамоям.

Бо шарофати сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар пазируфта шуда, баҳри дастгириву пуштибонии насли ояндасоз ва қишри меҳварии ҷомеа таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад. Қабули қонуну қарорҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоии ҷавонони мамлакат, таъсиси стипендия ва квотаҳои Президентӣ, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва дигар тадбирҳо шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад.

Самараи иқдомоту дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат буд, ки дар соли барои халқу мамлакат таърихии омодагиҳо ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд. Иштироки фаъолона ва ғолибияти ҷавонони мо дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм - фурӯғи маърифат!”, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат роҳандозӣ гардиданд, далели ин гуфтаҳо ва боиси сарфарозӣ мебошад.

Дар баробари ин, яке аз масъалаҳои мубраме, ки ҳамаи мо нисбати он бояд бо тамоми масъулият ва ҷиддият муносибат намоем, дар қалбу шуури ҷавонон бештар тақвият бахшидани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ буда, имрӯз ҷавонони мо бояд дар чунин руҳияе ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки ватанамон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандиву имонӣ ва шарафи бузург донанд.

Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо ҷавонони кишвар, ки санаи 21-уми майи соли 2021 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе доир гардид, таъкид намуданд, ки «Мо умед дорем, ки ҷавонони мо ҳамчун табақаи аз ҳама фаъоли ҷомеа минбаъд низ ташаббусҳои созандаро амалӣ менамоянд, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз мекунанд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат меварзанд».

Боварии комил дорам, ки Шумо ҷавонон аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздатон гузошташуда сарбаландона мебароед ва минбаъд низ кӯшиш мекунед, ки ба нафъи давлату ҷомеа боз ҳам содиқона хизмат намоед.

Бо чунин орзуҳои нек, бори дигар, кулли ҷавонони саодатманди вилоятро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бошад!