Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа

Муҳтарам алоқачиён!

Ҳамасола санаи 7-уми май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа ҷашн гирифта мешавад.

Алоқа яке аз муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқ буда, пешбурди ин соҳа, бахусус дар солҳои охир аҳамияти стратегии худро собит намуд.

Боиси таъкид аст, ки дар қарни ХХI татбиқи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ беҳтар ба роҳ монда, рушду нумӯи хоҷагии халқро бидуни истифодаи самараноки онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки: «Бо назардошти равандҳои муосир, мо бояд корро ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ вусъат бахшем». 

Пайгирона вусъат бахшидани ислоҳоти рушди устувори иқтисодӣ ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори шоистаи шаҳрвандони мамлакат яке аз вазифаҳои асосии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маҳсуб ёфта, ин сиёсат имрӯзҳо дар тамоми қаламрави вилоят роҳандозӣ шуда истодааст.

Итминони комил дорам, ки таҷлили Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа дар марҳилаи сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашнҳои бузурги миллӣ - 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани нуфузу эътибори кишвари азизамон мусоидат хоҳад намуд.

Бо чунин орзуву ниятҳои нек, бори дигар кулли алоқачиёни вилоят ва ҳамаи онҳое, ки пешрафти соҳаро таъмин менамоянд, бо ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда, саломатии бардавом, ободии рӯзгор ва барору комёбиҳои меҳнатӣ таманно дорам.